Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи таҳқиқи фалокат дар Кримски Русия


Дар Русия раиси собиқи шаҳри Кримскро ҳамроҳ бо ду нафари дигар дар робита ба обхезии аввали моҳ боздошт карданд, ки дар ин обхезӣ бештар аз 170 нафар кушта шуданд. Василий Крутко, раиси собиқи шаҳр, Владимир Уляновский, раиси ноҳияи Кримс ва Виктор Жданов сардори раёсати минтақавии вазорати ҳолатҳои фавқуллода бо иттиҳоми “бесалоҳиятӣ ва аз беэҳтиётӣ роҳ додан ба ҳалокати инсон” муттаҳам шудаанд. Мақомоти Русия баъди таҳқиқи густурдаи сабабҳои ҳодиса ин се нафарро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG