Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиш дар наздикии мақбараи Ҳазрати Алӣ


Мақомоти Ироқ мегӯянд, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Наҷаф, як зиёратгоҳи шиъаён 23 нафар захмӣ шудаанд. Инфиҷор дар 700 метрии мақбараи зарҳалии Ҳазрати Алӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи Салим Наъмо, сухангӯи раёсати беҳдошти шаҳр, вазъи чаҳор нафар аз маҷрӯҳон бисёр бад аст. Дар гузашта шӯришиёни суннимазҳаб ба хотири барангехтани муноқишаҳои мазҳабӣ дар Ироқ, зиёратгоҳҳои шиъаён аз ҷумла зиёратгоҳи Ҳазрати Алиро ҳадаф гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG