Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба аёдати хонаводаҳои азодор меравад


Интизор меравад, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз ба аёлати Колорадо ба аёдати хонаводаҳое равад, ки азизонашон дар ҳодисаи тирандозӣ дар кинотеатре кушта шуданд. Пулиси Амрико гуфт, Ҷеймс Ҳолмсро, ки ба қатли 12 нафар ва захмӣ кардани 58 тани дигар муттаҳам мешавад, ба "хотири эминии худаш" дар ҳуҷраи танҳои боздоштгоҳ нигаҳ медоранд. Ҷеймс Ҳолмси то дандон мусаллаҳ шаби панҷшанбе ба ҷумъа зимни нахустнамоиши филми “Бетмэн” вориди кинотеатр шуд ва ба самти тамошогарон тир андохт. Баъдан пулис дар хонаи абзорҳои таркандаи дигарро пайдо ва безарар кард. Қарор аст, рӯзи душанбе Ҷеймс Ҳолмсро барои эъломи иттиҳом ба додгоҳ ҳозир кунанд.
XS
SM
MD
LG