Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанг дар шаҳри Ҳалаби Сурия авҷ гирифтааст


Артиши Сурия шаби гузашта саъй кард, то як ноҳияе дар шаҳри Ҳалабро аз дасти шӯришиён бигирад, ки баъди ҳамла ба атрофиёни наздики раиси ҷумҳур Башор Асад ҷасуртар шудаанд. Бо вуруди зиреҳпӯшу сарбозон ба ноҳияи Салоҳуддин, ки дӯ рӯз дар дасти шӯришиён буд, садҳо хонавода аз инҷо фирор кардаанд. Ҷанг ҳамчунин дар маҳаллаи сераҳолии Ал-Сахур идома доштааст. Рӯзи шанбе 130 нафари дигар дар ҷангҳо дар Сурия кушта шудаанд ва бо ин теъдоди қурбониён аз рӯзи чаҳоршанбе то кунун ба 500 нафар расид. Дар он рӯз бар асари бомбгузорӣ чаҳор мақоми баландпояи ҳукумати Сурия кушта шуданд. Дигар ин ки шӯришиёни Сурия дасти кам се гузаргоҳи марзӣ дуто дар марзи Ироқ ва яке дар марзи Туркияро ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG