Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар шаҳри Ҳалаби Сурия


Даргириҳои шадид дар шаҳри Ҳалаб, дуввумин шаҳри муҳими Сурия рӯзи шанбе низ барои дуввумин рӯзи паёпай идома ёфт.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Ал-ҷазира", нерӯҳои Артиши озоди Сурия муваффақ ба контроли баъзе аз манотиқ дар ин шаҳр шудаанд.

Бо ин вуҷуд даргириҳои шадид миёни мухолифон ва нерӯҳои давлатӣ ҳамчунон идома дорад. Ин гузоришҳо меафзояд, ки нерӯҳои давлатӣ дар талош ҳастанд то бо истифода аз танк ва силоҳҳои вазнин, вориди маҳаллаҳои таҳти назорати мухолифон шаванд.

Ҳамзамон тибқи баъзе гузоришҳо, мухолифони режими Башор Аса муваффақ шудаанд, дуввумин гузаргоҳи марзии Сурия ва Ироқро ба тасарруфи худ дароваранд.

Ҳамчунин бинобар гузоришҳо, шуморе аз аз ронандагони мошинҳои борбари Туркия гуфтаанд, ки шӯришиёни мусаллаҳ бо тасарруфи гузаргоҳи марзии ду кишвар, мошинҳои онҳоро ғорат карда ва оташ задаанд.

Аммо тибқи гузоришҳо, авзоъ дар Димишқ «нисбатан ором» аст. Ин дар ҳолест, ки пас аз даргириҳои шадиди шабона миёни нерӯҳои Артиши озоди Сурия ва нерӯҳои давлатӣ, мухолифон муваффақ ба контроли бахшҳое аз шаҳри Адлаб шудаанд.
XS
SM
MD
LG