Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози таҳқиқи қатли генерал Абдулло Назаров


Акз аз моҳи ноябри соли 2009.

Акз аз моҳи ноябри соли 2009.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қатли генерал Абдулло Назаров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин матлабро Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ эълон дошт ва гуфт дар робита ба ин куштор тибқи се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон - 104 (одамкушии махсусан бераҳмона), 199 ( тасарруфи яроқ) ва 328 (содир кардани ҷиноят барои пӯшонидани ҷинояти пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ба гуфтаи додситони кулл дар заминаи ин қазия то ҳол касе боздошт нашудааст?

Ба ин манзур гурӯҳи муштараки ҳукуматӣ ба вилояти Бадахшон сафар кардааст, то ҳодисаи куштори генерал Абдулло Назаровро таҳқиқ намояд.

Ба ин гурӯҳ намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ, додситонии кул, додситонии низомӣ ва дигар ниҳодҳои марбута шомил ҳастанд, ки рӯзи гузашта ба маркази вилояти Бадахшон - шаҳри Хоруғ, фиристода шуданд.

Дар ҳамин ҳол хабарҳо аз Бадахшон низ ҳокист, ки ба дунболи кушта шудани генерал Абдулло Назаров, нерӯҳои изофӣ аз маркази Тоҷикистон ба ин минтақа фиристода шуданд. Ҳарчанд масъулони Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати дифоъ ин хабарро рад мекунанд.

Бо ин ҳам хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон иттилоъ дод, ки вазъ дар маркази ин минтақа - шаҳри Хоруғ ором ба назар мерасад. Генерал Назаров шоми шанбеи 21-уми июл дар роҳи бозгашт аз сафари ноҳияи Ишкошим дар наздикии Хоруғ кушта шуд.

Ҷанозаи ӯро дирӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон – ба хок супурданд. Абдулло Назаров 56 сол дошт ва аз афсарони собиқадори Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон маҳсуб мешуд

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, раҳбари идораи амнияти вилояти Бадахшон Абдулло Назаров ғолибан аз сӯи қочоқбарони тамоку кушта шудааст ва ин куштор ба фаъолияти хизматии генерал робитаи мустақим дорад.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба РО гуфт, ки «генерал Абдулло Назаров, шоми рӯзи шанбеи 21-уми июл ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи гурӯҳи номаълум қарор гирифта ва бо зарди асбоби номуайяни тез кушта шудааст».




Дар ҳамин ҳол масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба "Озодӣ" гуфтанд, ки генерал Абдулло Назаров дар маҳалли Ниводак, дар ду километрии шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта ва аз зарби корд ба ҳангоми интиқол ба бемористон ҷон бохтааст.

Мизроб Доробов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон гуфт, ки ин ҳодиса дар ҳудуди соати 17:30 дақиқаи шоми рӯзи шанбе ҳангоми бозгашти мошини хидматии генерал Абдулло Назаров аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ дар мавзеи Ниводак иттифоқ афтодааст.

Ба иттилои ин манбаъ, афроди ношинос мошини хидматии генерал Абдулло Назаровро, ки бо шумули ронандааш чор нафар будаанд, таъқиб карда ва дар ин маҳал мавриди ҳамла қарор дода ва дар натиҷаи расонидани зарба бо корд, генерал ҷон бохтааст.

Ин манбаъ афзуд, ки ронанда ва се нафари дигар аз кормандони амният, ки генерал Назаровро ҳамроҳӣ мекарданд, бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористони шаҳри Хорӯғ интиқол ёфтанд.

Аммо масъулони бемористони вилоятии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба хабарнигори "Озодӣ" гуфтанд, ки ин афрод ба далели сабук будани ҷароҳатҳояшон аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.

Ба таъкиди масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон, ин ронанда ва се нафар дигар аз ҳамроҳони генерал Абдулло Назаров шоҳидӣ додаанд, ки афроди ношинос, ки ҳуввияташон номалум аст, онҳоро ҳангоми бозгашт аз Ишкошим ба Хоруғ таъқиб кардаанд.

Ҳамакнун ба иттилои масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон, мақомот барои интиқоли ҷасади генерал Абдулло Назаров ба зодгоҳаш дар ноҳияи Ҷиликӯл иқдомотеро рӯи даст гирифтаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба манзури боздошти афроди ҳамлагар ба генерал Абдулло Назаров, гурӯҳи вижаи фаврӣ - тафтишотӣ созмон ёфта ва нақшаи ошкор ва безарар гардонидани онҳо эълом шудааст.

Абдулло Назаров то соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва пеш аз он сардори раёсати ин кумита дар вилояти Суғд буд. Дар моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон ӯро айбдор кард, ки ба бародар ва дигар наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар Бадахшон сарпаноҳ додааст. Вале Назаров он вақт бо пахши як изҳорот ин хабарҳоро рад карда, онҳоро талоши ба минтақаи нави ноором табдил додани Тоҷикистон номид.

Номи генерал Назаров рӯзҳои ахир дар робита ба ҳалномаи додгоҳии парвандаи фирори 25 маҳбус аз Боздоштгоҳи муваққати КДАМ сар забонҳо буд. Гуфта мешуд, додгоҳ "таъйини алоҳида" баровардааст, ки баёноти яке аз фирориён дар робита бо Назаров тафтиш шавад.

Дар соли 2009 генерал Назаров иттилоотеро, ки торнамои ифшогари WikiLeaks дар робита ба мулоқоти ӯ бо намояндагони расмии Иёлоти Муттаҳида фош намуд, тасдиқ кард. Як сол пеш ӯ дар изҳороте Узбакистонро ба он айбдор кард, ки ба сарҳанги ошӯбгари Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев сарпаноҳ дода ба фаъолиятҳои зидди гурӯҳи таҳти фармони вай зидди Тоҷикистон монеъ намешавад.

Абдулло Назаров яке аз кормандони собиқабори соҳаи амнияти миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1979, баъди хатми факултаи таърихи Донишгохи миллии шақри Душанбе дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекард. Дар соли 1991 вай дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз" КГБ-и Шӯравиро тарроҳ ва иҷрокунандаи рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе номид. Баъд аз ин мусоҳибаи пурсарусадо хабар расид, ки КГБ Назаровро аз сафҳои худ берун рондааст. Бо оғози майдоннишинӣ ва гирдиҳамоиҳои давомдори нерӯҳои тозапайдои демократӣ дар Душанбе ӯ ба онҳо пайваст ва ба шахси боэътимоди чанде аз сиёсатмадорон табдил ёфт. Гуфта мешуд дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Назаров ё ҳамроҳи Иттиҳоди мухолифон буд ё ба онҳо кӯмак мекард. Баъд аз имзои созишномаи сулҳ вай бо истифода аз саҳми 30-дарсадии мухолифон барои кор ба ниҳодҳои амнияти миллӣ баргашт.

Аммо худи ӯ ширкаташро дар ҷанги шаҳрвандӣ рад карда гуфтааст: “ман дар ҷанги шаҳрвандӣ умуман ширкат надоштам, ва дастам дар хун олуда нест... Навиштанд, ки гӯё ман ба Афғонистон фирор карда дар қароргоҳи муҷоҳидин панаҳ бурда бошам... Ман умуман ба ин кишвар нарафтаам, ҳатто баъд аз сулҳу субот ҳам боре дар сафари хизматӣ дар ин кишвар набудам”.

ВОКУНИШҲО БА КУШТОРИ АБДУЛЛО НАЗАРОВ

Ҳодисаи қатли генерал Абдулло Назаров, дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошт.

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҲСДТ куштори генерали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаровро ба фаъолияҳои вай марбут медонад.

Вай дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки «ҳодисаи ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба ин собиқадори Кумитаи амнияти миллӣ, ба эҳтимоли зиёд ба фаъолиятҳои ҳирфаии вай рабт дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки фаъолиятҳои вай дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар аъзои ин гурӯҳҳоро писанд нест ва онҳо даст ба чунин амали нангин задаанд».

Зоҳиров мегӯяд, шояд ин ҳодиса тасодуфӣ низ бошад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки генерал Назаров як шахсияти амниятӣ ва раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дошт, бештар фаъолияти вай метавонад, фарзияҳои куштораш гардад.

Комёб Ҷалилов, коршиноси амниятӣ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар ин авохир таваҷҷӯҳ ба Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон аз нуқтаи назари сиёсӣ, ки метавонад дар бозии абарқудратҳо нақше ифо кунад, хеле зиёд шудааст.

Ба ин далел ин коршиноси тоҷик мегӯяд, «аз эҳтимол дур нест, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров, гурӯҳҳое даст доранд, ки ба ин иртибот доштанд ва медонистанд, ки дер ё зуд саркӯб мешаванд».

Комёб Ҷалилов, куштори генерали Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро терроре унвон кард, ки нобахшиданист. Вай дар робита ба паёмади ин куштор гуфт, «баъзе қувваҳо ё неруҳои сиёсие, ки манфиатдори истифодаи Бадахшон ба нафъи худ ҳастанд, метавонанд ҳозир вориди мудохила шаванд»

Аммо ин коршинос мегӯяд, "шояд ин амали нахустин бошад ва пас аз чанде ин мудохила рӯшан хоҳад шуд, ки ба хотири ором кардани вазъият аст ё ба манзури муташанниҷ кардани он».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG