Пайвандҳои дастрасӣ

Обама:"Қотили Аврора сазои амалашро хоҳад дид"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қавл дод, ки қотили 12 нафар дар театри шаҳри Аврораи аёлати Колорадо ҷазои сазовор хоҳад гирифт. Дар муроҷиати ҳафтагии худ аз тариқи радио ва интернет Барак Обама гуфт, “ҳукумати Амрико ҳар корро мекунад, то масъули ин ҷинояти зиштро ба ҷазо кашад.“ Дар тирандозии як ҷавон зимни намоиши филми “Бетмэн” дар театр дар шаби панҷшанбе ба ҷумъа ҳамчунин 58 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷеймс Ҳолмси 24-сола донишҷӯи бахши асабшиносӣ ҳангоми намоиши филм вориди театр шуда, аввал ду бушка гази ашковарро тарконда ва сипас ба тирандозӣ шурӯъ кардааст. Ӯ дар маҳалли ҳодиса ба маъмурони пулис таслим шуд. Барак Обама ин бедодгариро башиддат маҳкум кард ва ба амр дод, ба хотири гиромидошти ёди қурбониён парчамҳои Иёлоти Муттаҳида барои 5 рӯз нимаафрошта бошанд.
XS
SM
MD
LG