Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажӯҳиши ахири ширкати тиҷоратии Бритониё «Минтел» муайян кардааст, ки аз ҳар панҷ мард се нафари онҳо дӯстдори шоколаданд.

Фирдавс сокини шаҳри Душанбе, эҷодкор аст ва мегӯяд ҳар рӯз баъд аз хӯрдани дасти кам 300 ё 400 грамм шоколад, худро орому осуда ва нерӯманд эҳсос мекунад.

Ӯ мегӯяд, шоколадро аз кӯдакӣ дӯст медорад ва муҳаббаташ ба он рӯз аз рӯз афзун мешавад: «Метавонам, гӯям ки ман ба коршиноси беҳтарини бозори шоколади Тоҷикистон табдил ёфтаам. Нархи шоколадҳо ва таъмашро хуб медонам. Танҳо бо дидани қоғази шоколад метавонам, гӯям ки он чанд пул меистад ва чӣ мазза дорад. Агар хато накунам, ҳар моҳ аз 400 то 500 сомонӣ барои харидории шоколадҳои гуногун сарф мекунам. Албатта ман онро танҳо намехӯрам ва қисман бо аъзоёни оилаамон тақсим мекунам. Онҳо низ дӯстдори шоколаданд. Барои ман роҳаттарин лаҳза, ин баъд аз истеъмоли ғизо бо чойи гарм хӯрдани шоколади талхмазза ё бо шир омехта аст. Дӯстонам инро медонанд ва одатан бароям шоколад тӯҳфа мекунанд».

Пажӯҳиши ахири ширкати тиҷоратии Бритониё «Минтел» муайян кардааст, ки аз ҳар панҷ мард се нафари онҳо дӯстдори шоколаданд. Аммо тахминан панҷоҳ дарсади бонувон маъмулан ғизои солим назири меваҷот, сабзаҷот ва чормағз истифода мебаранд.

Клэр Хэтчер як намояндаи ширкати «Минтел» ба расонаҳо гуфтааст, «то ба ин рӯз ҳама фикр мекард, ки дӯстдори аслии шоколад занҳоянд. Ин аз он сабаб аст, ки онҳо маъмулан зимни пухтани торту кулчақандҳо аз шоколад зиёд истифода мекунанд, аммо мардҳо дар навбати худ оромакак ин ҳамаро мехӯранд».

Махфират Қаҳорова пизишки асаб дар ин замина мегӯяд, илми тиб дар як рӯз истеъмоли аз 25 то 50 грамм шоколадро тавсия медиҳад. Ин миқдор шоколад барои барқарории нерӯ, тавоноии ҷисм ва дарозии умр мусоидат мекунанд, меафзояд Махфират Қаҳорова: «Инсони солиме, ки ҳамеша банди фикру андеша ва эҷод аст ва нафаре, ки ба корҳои вазнинӣ ҷисмонӣ машғул аст, мағзи ӯ ба ширинӣ ниёзи бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ мардҳо, ки бештар ба корҳои ҷисмонӣ машғул мешаванд ва ҳамзамон дар сар фикру андешаву ташвиши зиёд дошта, нерӯи мағзи сарро зиёд истифода мекунанд, талаботашон ба шоколад меафзояд. Аммо аз меъёр зиёд хурдани шоколад ба саломатӣ зарар дорад. Он метавонад хунро ғафс карда, миқдори халестринҳоро дар бадан афзун ва ба бемории диабети қанд оварда расонад. Чунки шоколадҳое, ки мо истифода мебарем маъмулан онҳо хеле ширинанд. Лекин вобаста ба ҷусса ва вазн аз миқдори муайяншуда яъне то 50 грамм каме зиёдтар хӯрдани он зарар надорад. Аммо на то ним кило дар як рӯз. Дар маҷмӯъ шоколад ба шахс нерӯ медиҳад, қобилияти кори инсонро афзун мекунад ва торҳои асабро фаъол нигоҳ медорад».

Махфират Каҳорова мегӯяд, агар инсон хаставу афсурда бошад, табиатан майл ба истеъмоли ширинӣ мекунад. Вуҷуди кирмҳои дар ҷисми инсон низ майли онҳоро ба ширинӣ бештар мекунад.

Пажӯҳиши ширкати «Минтел» муайян кардааст, ки дар рӯйхати ғизоҳои сокинони Бритониё шоколад баъд аз меваҷот дар ҷойи дуюм меистад Дар Тоҷикистон низ ду соли ахир, бозори фурӯши шоколад гармтару рангинтар ба назар мерасад. Бо созмон ёфтани мағозаву дӯконҳои муоссир, фарҳанги фурӯши он ҳам таъғир меёбад. Дигар шумори ками сокинон ба вижа дар фасли тобистон аз рафҳои бозор шоколадҳои об шудаву рангпаридаро харидорӣ мекунанд. Зеро дар дӯконҳои зиёди сарду салқин интихоби харидории шоколади дилхоҳ мавҷуд аст. Қиммати шоколади хушлазат аз 25 то 200 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоҷӣ Ҳалим тоҷири яке аз дӯконҳои маркази шаҳр мегӯяд, маъмулан ба бозори кишвар, шоколад аз Қазоқистон аз корхонаи истеҳсолии «Роҳат», аз Украина «Рошен» ва аз Русия «Сладко» «Красний Октябр» бо номҳои гуногун ворид мешавад: «Дар як рӯз аз 10 то 20 килограм ва баъзан 70 килограм шоколад мефурӯшем. Мардуми мо меҳмонавозанд, одатан барои тӯйю маърака ё меҳмонҳояшон харидорӣ мекунанд. Барои тӯйю маърака қандҳои арзонтар ва аммо зиёд мехаранд. Аммо барои меҳмонҳои маъмулӣ аз шоколадҳои гаронтар ва аммо 200 то 500 граммӣ харидорӣ мекунанд. Ҳоло шоколадҳои «Роҳат»-и Қазоқистон ва «Рошен»-и Украина хуб харидорӣ мешаванд. Он ҳам бомазза, ҳам тару тоза ва ҳам нархаш дастрас буда, аз 20 то 40 сомонӣ аст».

Дар марвиди истеъмоли шоколад коршиносон хӯрдани шоколади талхро муфидтар меҳисобанд, зеро он дар таркибаш қанду шири камтар ва какаои бештар дорад. Он гардиши хунро беҳбуд бахшида, ба торҳои асаб оромӣ бахшида, фишори баландро рафъ месохтааст. Умуман табибон хурдани шоколадеро, ки дар таркибаш қанд камтар аст бештар муфид арзёбӣ мекунанд.

Олимони итолиёӣ муайян кардаанд, ки хӯрдани шоколади талх барои табобати найчаҳои хунгузари дил аз сармохурдагӣ муфид аст. Аммо миқдори истеъмоли он дар як рӯз 6,7 грамм тавсия шудааст. Ҳамчунин олимон исбот кардаанд, ки хӯрдани дар як рӯз то 40 грамм шоколади талх инсонҳоро аз фишорҳои равонӣ наҷот медиҳад.

Гуфта мешавад, ки шоколад зиндагии шахсии инсонҳоро фаъолтар мекунад ва ба онҳо фараҳ мебахшад. Аз ин рӯ дар наворҳои тарғиботии шоколад, маъруфтарин ширкатҳо маҳсулоти худро бо аксҳои ошиқонаи романтикӣ пешниҳод мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG