Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаҳои Аврупо ба Тоҷикистон меоянд


Патрисиа Флор-фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо
Патрисиа Флор-фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо

Пйер Морел ва Патрисиа Флор – фиристодагони собиқу ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ вориди Душанбе мешаванд.

Сафари Душанбе барои Пйер Морел – охирин ва барои Патрисиа Флор - аввалин хоҳад буд.

Ба гуфтаи Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, дипломатҳои аврупоӣ зимни сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони аҳзобу ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳанд кард. Хонум Абдуллоева афзуд: «Ҳангоми ин сафар Пер Морел, фиристодаи вижаи собиқ, вориси худ – Патрисиа Флорро бо мақомот ва доираҳои дигари сиёсиву мадании Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.»

Патрисиа Флор дар гузашта фиристодаи вижаи вазорати корҳои хориҷии Олмон дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, 1 июли соли равон фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъйин шуд. Ӯ баъди таъйин шуданаш ба ин мақом гуфт, ки барои таҳкими равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ саъй хоҳад кард ва вазифаи аслиаш идомаи иҷрои стратегияи панҷ сол пеш қабулшудаи Иттиҳодияи Аврупо аст, ки соҳоти волоияти қонун, масоили об, муҳити зист, равобити иқтисодӣ, энержӣ ва амниятро дарбар мегирад.

Патрисиа Флор чанде пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки давлати Тоҷикистон айни замон бештар аз ҳама бояд ба рушди иқтисоди кишвар таваҷҷӯҳ кунад: «Тоҷикистон бояд ба иқтисод ва рушди иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кунад. Ин бо риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ тавъам аст, зеро ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоӣ қисме аз ҳуқуқҳои инсон ҳастанд. Ман мефаҳмам, ки нигаронии аслӣ барои бисёриҳо надоштани гармӣ дар зимистон ва ё даромад барои таъмини хонавода аст. Барои Тоҷикистон, ки воқеан қашшоқтарин кишвари минтақа аст, ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии сиёсӣ дар оянда бошад».

Хонум Флор бар ин аст, ки баробари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Аврупо бештар мешавад, аз ин хотир, миёни ҷонибҳо муколама дар бораи амният бояд бештар сурат бигирад. Иваз шудани фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар замони тағйироти ҷиддие дар минтақа сурат мегирад, аз ҷумла дар остонаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва шиддат гирифтани моҷароҳо миёни кишварҳои минтақа барои об.

Абдуғаффори Камол, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, фиристодаи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо назардошти собиқа ба ин вазифа таъйин шудааст:

«Вобаста ба ҳамин тағйирот онҳо сиёсатҳояшонро дар минтақа бозбинӣ мекунанд ва омодагӣ мебинанд. Фиристодаи вижа таъйин шудани Патрисиа Флор, ки собиқаи кор дар ин минтақаро дошт, низ аз ҳамин иқдомҳост. Воқеан, пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон, вазъ дар Осиёи Марказӣ пешгӯинашаванда мешавад».

Аз соли 2006 то ба ҳол фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дипломати ботаҷрибаи фаронсавӣ Пйер Морел буд, ки ҳанӯз солҳои 1970 асри гузашта ин минтақаи Иттиҳоди Шӯравиро дар сафорати Фаронса дар Маскав ба зимма дошт.
XS
SM
MD
LG