Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаи Аврупо вориди Душанбе мешавад


Қарор аст, имрӯз Патрисия Флор, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ, вориди Душанбе шавад. Дар ин сафар ӯро Пйер Моррел, фиристодаи собиқ ҳамроҳӣ мекунад. Бино ба иттилоъи расмӣ, Патрисиа Флор дар ҷараёни боздидаш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дигар мақомоти баландпояи кишвар доир ба масоили амнияти минтақавӣ, моҷароҳо бар сари тақсими захираҳо об дар минтақа ва шеваҳои кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ба кишвар гуфтӯгу хоҳад кард. Патрисиа Флор, дипломати олмонӣ ваъда додааст, ки мекӯшад, то равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо таҳким ёбад.
XS
SM
MD
LG