Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯгворӣ ба хотири қурбониёни ҳамла ба театри ИМА


Дар Амрико дар сӯгвории 12 нафаре нишастанд, ки дар бедодгарии як ҷавони мусаллаҳ дар дохили кинотеатре дар аёлати Колорадо кушта шуданд. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа ин ҷавон дар дохили кинотеатр зимни намоиши филми “Бетмэн” аввал ду бӯшкаи гази ашковарро тарконида ва сипас ба сӯи тамошобинон тир андохта ҳамчунин 58 нафари дигарро замхӣ кард. Ба гуфтаи Дан Оатес, раиси пулиси шаҳри Аврора 30 захмии дигар дар бемористонанд ва вазъи сиҳатии 11 нафари онҳо бисёр бад аст. Ҷеймс Ҳолмс, ҷавони 24 солаи амрикоӣ, ки ба тирандозӣ муттаҳам мешавад, баъди расидани пулис ба маҳалли ҳодиса таслим шуд. Муфаттишон ҳамчунин дар хонаи Ҷеймс Ҳолмс, дигар абзори тарканда пайдо кардаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, тирандозиро маҳкум карда ва амр дод, то ба хотири гиромидошти хотираи қурбониён, парчамҳои Амрико барои 5 рӯз нимаафрошта бошанд.
XS
SM
MD
LG