Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти васеъмиқёси Сурия алайҳи шӯришиён


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия ҳамлаи васеъмиқёсеро ба камингоҳҳои шӯришиён дар шаҳри Димишқ оғоз карданд ва ҳазорон нафар ғайринизомиён аз бими ҷонашон ҳамчунон Лубнону Ироқ мегурезанд. Бар низоъҳои ду рӯзи ахир дар Сурия бештар аз 470 нафар кушта шудаанд. Рӯзи ҷумъа Шӯрои Амнияти Созмони Милал ризоият дод, то маъмурияти нозирони созмон дар Сурия фақат барои 30 рӯзи дигар тамдид карда шавад. Нерӯҳои вафодор ба Башор Асад як ноҳияи шаҳри Димишқро аз тасарруфи шӯришиён гирифтанд ва ҷанг дар маҳаллаҳои дигар идома дорад. Аз ҷумла шӯришиён баъди ишғоли ду гузаргоҳи марзии Сурия ба Ироқу Туркия дар шаҳри Ҳалаб бо нерӯҳои давлатӣ даргир шуданд. Дигар ин ки рӯзи ҷумъа Ҳишом Ихтиёр, масъули умури амниятии Сурия бар асари захмҳои бардоштааш дар бомбгузории рӯзи чаҳоршанбе ҷон дод. Дар ин бомбгузорӣ се мақоми баландпояи дигари ҳукумати Сурия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG