Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири Барак Обама ба Чин меравад


Мақомоти Амрико мегӯянд, Томас Донилон, мушовири умури амнияти миллии Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба зудӣ авзоъи амниятӣ дар Ховари Миёна ва Осиёро бо мақомоти Чин баррасӣ хоҳад кард. Бино ба иттилоъи расмӣ, Томас Донилон, рӯзи якшанбе ба Пекин сафар мекунад. Ҳамкориҳои Амрикову Чин, масъалаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳои дигари гуфтӯгуи ӯ будааст. Мулоқоти ӯ баъд аз он сурат мегирад, Чину Русия як қатъномаи Шӯрои Амният алаҳи давлати Сурияро вето гузоштанд ва низоъ дар ин кишвар шиддат гирифтааст. Томас Донилон аз Пекин ба Токио пойтахти Ҷопон сафар карда ва дар онҷо низ доир ба ҳамкориҳои амниятӣ ва масоили ҷаҳониву минтақавӣ сӯҳбат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG