Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама ба муносибати моҳи Рамазон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар паёме ба муносибати моҳи Рамазон диловарии муборизонеро, ки барои расидан ба демократия дар кишварҳои арабӣ пайкор доранд, ситоиш кард. Барак Обама гуфт, барои як даста аз шаҳрвандони кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, ки шуҷоъона дар пайи расидан ба демократия ва ҳаққи таъйини сарнавишти худ ҳастанд ва барои онҳое, ки ҳанӯз барои расидан ба ҳуқуқи худ талош мекунанд, ин моҳи Рамазон дорои маънии хосе аст. Барак Обама ҳамчунин гуфтааст, “Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон дар канори онҳое истодааст, ки дар пайи ҳаққи таъйини сарнавишти хеш ҳастанд, то зиндагии бидуни тарс ва хушунат ҳастанд ва аз озодии ақида баҳра баранд.”
XS
SM
MD
LG