Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амнияти СММ мандати нозиронро тамдид кард


Шӯрои амнияти СММ якдилона дар мавриди барои 30 рӯзи дигар тамдид кардани мандати нозирони байнулмилалӣ дар Сурия тасмим гирифт. Гурӯҳи 400-нафараи нозирони низомиву мулкӣ бар пояи тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон дар Сурия мустақар аст ва бояд режими оташбас аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳро назорат кунад.

Дар ҳамин ҳол дар Димишқ, пойтахти Сурия, бархӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ идома доранд. Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи ҷумъа чархболҳои низомӣ ба минтақаи Саида-Зайнаб мушак андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати дасти кам 3 нафар шудааст.

Вазорати иттилои Сурия хабареро, ки гӯё раисиҷумҳур Башор Асад барои “бо шартҳои шоиставу муносиб” ба истеъфо арфтан омода аст, рад кард. Дар бораи эҳтимоли истеъфои раҳбари Сурия сафири Русия дар Порис Александр Орлов дар мусоҳиба бо радиои Фаронса ҳадс зада буд.

Баъди ветои Русияву Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия миёни кишварҳои пешрафтаи олам таниши дипломатӣ ба вуқӯъ пайваст. Кишварҳои ғарбӣ аз мавқеи Маскаву Пекин интиқод карда, онро дар пуштибонӣ аз куштори мардуми осоишта аз сӯи сӯи ҳукумати Димишқ айбдор намуданд. Кохи Сафед изҳор намуд, ки шояд бидуни қатъномаи Шӯрои амнияти СММ фишор болои режими Башор Асадро шадидтар кунад. Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, гуфт, Маскав наметавонист санадеро бипазирад, ки дар он таҳримҳо алайҳи Сурия пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG