Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари куштор дар Денвер боздошт шуд


Дар шаҳри Денвери аёлати Колорадои ИМА бар асари тирандозӣ дар кинотеатр 12 нафар кушта ва 38 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои полис, ҷинояткор ҳангоми намоиши филми “Бэтман” аввал ба толор норинҷак бо гази ашковар андохт ва сипас тирпаррониро шурӯъ намуд. Дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса шахси гумонбар боздошт ва аз ӯ милтиқ, туфангча ва корд мусодира шуд. Бюрои федеролии тафтишоти Амрико хабар дод, ки боздоштшуда сокини 24-солаи ин мавзеъ Ҷеймс Ҳолмс мебошад. Дар манзили зисти ӯ кофтукоб сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки Ҳолмс пештар ба фаъолияти террористӣ машғул набуд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки "мо барои кор гирифтан аз ҳама чораҳои имконпазир ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандонамон омодаем. Мо сокинони Колорадоро дар ин замони барои ҳамаи мо басо сангин танҳо намегузорем".
XS
SM
MD
LG