Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил қурбониёни ҳамла дар Бургасро дафн карданд


Дар Исроил маросими дафни қурбониёни ҳамла ба сайёҳони исроилӣ дар шаҳри Бургаси Булғористон баргузор шуд.

Бар асари ҳамлаи маргталабона ба ҷуз худи маргталаб панҷ шаҳрванди Исроил ва ронанда – шаҳрванди Булғористон кушта шуда, беш аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи панҷшанбе мақомоти Булғористон навори видеоии гумонбар дар ин ҳамларо нашр карданд.

Ҳукумати Исроил дар ташкили ин ҳамлаи террористӣ Эрон ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнонро айбдор кард ва аммо онҳо ин иттиҳомро рад намуданд.
XS
SM
MD
LG