Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як ӯзбак дар робита ба ҳамлаҳо дар Қазон


Кумитаи тафтишоти Русия дар бораи гумонбари панҷум дар ҳамлаҳо ба раҳбарони мусалмонҳои Тотористон хабар дод.

Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳод Владимир Маркин. ахиран шаҳрванди Ӯзбакистон Абдунозим Атобоев низ дастгир ва мавриди бозҷӯии муфаттишон қарор гирифт. Қаблан ӯ гуфта буд, ки "миёни боздоштшудагон раиси шӯрои мудирони ширкати “Идел-Ҳаҷҷ” Рустам Гатаулини 57-сола, раҳбари идораи “Вақф” сокини Қазон Мурод Галиеви 39-сола, Ҳайрат Шокирови 40-сола ва Озод Ғайнутдинови 31-сола ҳастанд".

Дар боздошти ин афрод ҳамроҳ бо коомандони полиси Тотористон масъулини Кумитаи тафтишоти Русия ва Хадамоти федеролии тафтишоти Русия ширкат доштанд.

Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тотористон Илдуз Файзов рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Қазон сурат гирифт – мошини ӯ аз маводи таркандае, ки афроди ношинос дар он ҷой карда буданд, мунфаҷир шуд. Илдуз Файзов сари вақт аз мошин берун шуд ва фақат ҷароҳат бардошт. Бо пойи шикаста ва чанд ҷароҳати дигар ӯ айни ҳол дар бемористон аст. Соате пеш аз ин ҳодиса афроди ношинос муовини пешини муфтӣ Валиоллоҳ Ёқубовро дар канори манзили зисташ ҳадафи тир қарор доданд.
XS
SM
MD
LG