Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои “Бачаҳои Осиё”


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои V байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки дар Ёқутистони Русия баргузор шуд, панҷ медал ба даст оварданд.

Фаррухи Салим дар риштаи дзюдо дар вазни то 81 килограмм мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Муҳаммадҷон Абдураҳмонов дар вазни то 46 килограмм дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Боз ду намояндаи Тоҷикистон дар риштаи бокс соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд. Акмалҷон Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 50 килограмм ва Абубакр Мирзоалиев дар вазни то 70 килограмм медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Инчунин Салимбек Салимбеков дар намуди гуштии самбо дар вазни беш аз 78 килограмм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар Бозиҳои V байналмилалии варзишии “Бачаҳои Осиё”, ки дар шаҳрҳои Якутск, Мирний ва Нерюнгрии Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) 16 рӯз идома кард, ҳудуди 3 ҳазор варзишгар аз 27 кишвари Осиё ширкат доштанд. Варзишгарони ҷавони қора аз рӯи 20 намуд рақобат карданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG