Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ сол пеш осоишгоҳи "Аваза"-и соҳили баҳри Каспий аз чанд дачаи қадимии даврони шӯравӣ иборат буд, ки дар он сокинони Ашқобод аз гармои тобистон паноҳ меёфтанд.

Вале солҳои ахир ин шаҳрак комилан бозсозӣ шудаву дар он силсилаи меҳмонсароҳои муосир, гулгашту паркҳои осоишӣ, роҳҳои мошингард ва инфраструктураи зарурӣ барои қабули меҳмонон бунёд шудааст.

Тибқи гузоришҳои расида президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов "Аваза"-ро мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, дар давоми шаш соли раёсатҷумҳуриаш ба хотири бозсозии ин осоишгоҳ як миллиарду чорсад миллион доллар сармоягузорӣ намудааст.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки ахиран аз "Аваза" дидан намудааст, мегӯяд, ҳеҷ ба назар намерасад, ки сайёҳон барои истироҳат дар соҳил талош варзанду ба ваҷҳи умум ҳашт меҳмонсарои модерни "Аваза" холӣ буданд. Як шаб бо субҳона ва имкони истифодаи майдони тенис дар меҳмонсарои Корвон ҳамагӣ 50 доллар нарх доштааст. Иловаи чанд доллари дигар ба меҳмон имкон фароҳам меовардааст, ки аз толори варзиш, кӯмаки тиббӣ ва интернет баҳрбардорӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол сайёҳи туркман бо номи Ораз ба хабарнигори Радио Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳар тобистон барои осоишу оббозӣ ба соҳилҳои "Аваза" меояд. Ораз афзудааст, ки ӯ бо ҳамсару як фарзандаш имкони молии иҷораи меҳмонсаро дар ин осоишгоҳро надоранд. Аз ин рӯ, Ораз, ки аслан табиб аст, дар шаҳри Туркманбошӣ бо нархи пасттаре хонаи хусусӣ иҷора гирифта, ҳар рӯз барои оббозӣ дар соҳили Аваза 20 километрро тай мекунад.

Ҳамсӯҳбати дигари хабарнигори Радиои Озодӣ Шӯҳрат ном яке аз масъулони меҳмонсароҳои "Аваза" будааст. Ӯ мегӯяд, феълан меҳмонхонаҳои бошаҳомати ин осоишгоҳ меҳмони зиёд надоранд, вале дар оянда "Аваза" соҳиби аквапаркҳои ҷолиб, меҳмонсароҳои иловагӣ ва ҳатто ҷазираҳои сунъии шабеҳи кишварҳои Халиҷ мешаваду сайёҳон аз дохилу хориҷ ба ин ҷо сарозер хоҳанд шуд.

Вале ба ақидаи дастандаркорони соҳаи туризм, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Туркманистон осон нест. Ҳамагӣ чанд ширкати ангуштшумор дар чорчӯби сафари Осиёи Марказӣ боздид аз Туркманистонро пешниҳод мекунанд, ки дар он зиёрат аз "Аваза" пешбинӣ нашудааст. Ширкати Жарков тур, ки мақарраш дар Маскав аст, мегӯяд, дарёфти раводиди сафар ба Туркманистон хеле душвор аст. Аксари кулли дархостҳои сафари Туркманистон, ки "Жарков тур" матраҳ кардааст, аз тарафи мақомоти туркман рад шудаанд.

Ширкати британиявии "Интрепид травел" ҳам иброз доштааст, ки коғазбозии зиёд сайёҳони эҳтимолиро дилсард мекунад. Ҳарчанд сайёҳони аксари мамолики ғарбӣ имкон доранд, дар фурӯдгоҳи Ашқобод раводиди сафарро бигиранд, боз ҳам маҷбуранд, ки дар ватанашон аризаи сафар навишта, мунтазири тасдиқи аризаи онҳо аз тарафи мақомоти туркман бошанд.

Хабарнигори мустақили туркман Оширқулӣ Байриев ёдовар мешавад, ки ҳар сайёҳи хориҷӣ бояд раҳбалади маҳаллӣ дошта бошаду дар меҳмонсароҳои муқарраршуда иқомат кунад.

Ба ҳар ҳол, баъзеҳо аз вазъи феълӣ ҳам хушҳоланд. Ронандаи таксӣ, ки худро Бозор муаррифӣ кард, мегӯяд, дар "Аваза" фурудгоҳ нест ва сайёҳон одатан бо ҳавопаймо ба шаҳри Туркманбошӣ омада, аз он ҷо тавассути таксӣ ба Аваза меоянд, зеро дар байни ду шаҳр нақлиёти ҷамъиятӣ вуҷуд надорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG