Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми рассом Ай Вэйвэй бетағйир гузошта шуд


Ай Вэйвэй
Ай Вэйвэй
Додгоҳи Пекин аризаи рассом ва дигарандеши маъруф Ай Вэйвэй барои бознигарии ҳукми қаблиро рад кард. Бар пояи ҳукми додгоҳ ӯ барои сарпечӣ аз пардохти андоз бояд ду миллион доллар ҷарима супорад.

Ба рассом иҷозаи ширкат дар нишасти додгоҳро надоданд. Ба гуфтаи вакили мудофеи ӯ Пу Чжисзян, додгоҳ эълом дошт, ки мақомот дар ин парванда қавонинро нақз накардаанд.

Ай Вэйвэй изҳор намуд, ки иттиҳоми напардохтани андоз - як бахш аз маъракаи тарсонидани ӯст.

Бар пояи хабарҳо, дар атрофи бинои додгоҳ чораҳои амниятӣ тақвият бахшида шуда, кормандони полис роҳҳоро баста буданд ва хабарнигорону дипломатҳоро барои тарки ин мавзеъ маҷбур сохтанд.

Соли гузашта дар робита ба даъватҳо аз тариқи интернет барои ташкили намоиши эътирозӣ, Ай Вэйвэй 81 рӯзро дар маҳбас сипарӣ кард. Ба думболи ин полис таъқиби мунаққидони ҳукуматро шурӯъ намуд.
XS
SM
MD
LG