Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 4 гумонбари сӯиқасд ба ҷони муфтии Тотористон


Дар робита ба ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони муфтии Тотористон ва куштори муовини ӯ чаҳор нафар боздошт шудаанд. Дар ин бора намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар дод.

Сӯиқасд ба ҷони муфтии Тотористон Илдуз Файзов рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Қазон сурат гирифт – мошини ӯ аз маводи таркандае, ки афроди ношинос дар он ҷой карда буданд, мунфаҷир шуд. Дар ин ҳодиса Илдуз Файзов ҷароҳат бардошт. Ҳамон рӯз муовини муфтӣ Валиоллоҳ Ёқубов дар остонаи манзилаш ҳадафи тири афроди ношинос қарор гирифт.

Мақомоти тафтишотӣ ҳамлаҳо ба муфтӣ ва муовини ӯро о фаъолияти корияшон рабт доданд – Файзов ва Ёқубов дар Тотористон чун муборизони сарсахт алайҳи ифротгароии мазҳабӣ машҳуранд.
XS
SM
MD
LG