Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои Ғарб аз мавқеи Русияву Чин интиқод мекунанд


Баъди ветои Русияву Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия миёни кишварҳои пешрафтаи олам таниши дипломатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Кишварҳои ғарбӣ аз мавқеи Маскаву Пекин интиқод карда, онро дар пуштибонӣ аз куштори мардуми осоишта аз сӯи сӯи ҳукумати Димишқ айбдор намуданд. Кохи Сафед изҳор намуд, ки шояд бидуни қатъномаи Шӯрои амнияти СММ фишор болои режими Башор Асадро шадидтар кунад.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, изҳор намуд, Маскав наметавонист санадеро бипазирад, ки дар он таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурия пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷшанбе “Артиши озодихоҳи Сурия” изҳор намуд, ки гузаргоҳҳо дар марзҳои Сурия бо Ироқу Туркияро зери назорат гирифтааст. Задухӯрдҳо дар Димишқ ва дигар мавзеъҳои Сурия идома доранд.
XS
SM
MD
LG