Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди коҳиши навъи андоз барои соҳибкорони дохиливу хориҷӣ


Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар тарҳи нави Қонуни андози Тоҷикистон пешниҳод мешавад, ки шумораи молиёт аз 21 ба 10 навъ коҳиш дода шавад.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабаригорон гуфт, ки навъҳои зиёди андозҳо дар кишвар садди ҷиддие дар амри густариши тиҷорат ва соҳибкории дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар тарҳи нави қонун, ки дар баррасии гурӯҳи кории тарҳи кодекси нави андоз қарор дорад, пешниҳод мешавад, ки навъҳои молиёти умумиҷумҳурӣ аз 17 ба 8 намуд ва андозҳои маҳаллӣ аз 4 ба 2 навъ коҳиш дода шавад.

Айни замон, иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки дар тарҳи ҷадид танҳо шумори навъҳои андозҳо кам шуда, ҳаҷми куллии андозҳо ҳамчунон ҳифз шудааст. Сафаралӣ Қудратов, устоди донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, маблағе, ки дар 21 навъи андози ҷорӣ вуҷуд дорад, бо 50 дарсад кам кардани шумораи онҳо коҳиш наёфтааст. Ба назари ӯ, навъҳои молиёт танҳо якҷоя карда шудаанд.

Ба қавли ӯ, агар ба ин шакл тарҳи нави андоз пазируфта шавад, барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ, хусусан рушди соҳибкории Тоҷикистон мусоидат нахоҳад кард.

Иқтисоддонҳо андозҳои ҳангуфтро як монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд ва аз дӯши мардум гирифтани бори гарони молиёт аз ҷумла тавсияҳоест, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба Душанбе мекунанд.
XS
SM
MD
LG