Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз сатҳи фарҳанги мардум дар кишвар қонеъ нест.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ахиран зимни як мулоқот бо хабарнигорон дар Душанбе аз фарҳанги оммавии мардуми кишвар изҳори норизоият кард. Вай гуфт, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди мардуме, ки аз манотиқи кишвар ба пойтахт меоянд оддитарин қоидаҳои рафторро дар шаҳр риоя намекунанд. Ман борҳо мушоҳида мекунам, ки дар театр фарз кардем, ягон саҳнаи ошиқон нишон дода шавад, аз қафо ҷавонон ҳуштак кашидаву фарёд карда рафти намоишро халадор месозанд".

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Ҷаноби Асрорӣ ҳамчунин афзуд, ки кӯшишҳои вазорати фарҳанг дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанги мардум кифоя нест. Дар ин самт бояд ҳама вазорату сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизион ва радио муштаракан бояд кӯшиш кунанд.

Амалхонум Гаҷиева, ки солҳои тӯлонӣ дар Душанбе зиндагӣ дорад, мегӯяд, аз як ҷониб кӯч бастани ҳазорҳо нафар фарҳангиву зиёӣ дар нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва вуруди якбораи мардуми зиёд аз деҳот ба паст фаромадани фарҳанг дар пойтахт сабаб шуд: "Масалан агар як кӯдак кӯшиши шикастани як шохи дарахтро кунад ва ту ӯро накӯҳиш кунӣ, натанҳо вай гапи туро гӯш намекунад, балки модараш ба Шумо дармеафтад, ки чӣ ҳуқуқ доред, ки писари маро ҷанг мекунед".

Амалхонум Гаҷиева афзуд, аламовараш ин аст, ки аксарият ба ҳаводиси дар кӯча рух медода бетарафӣ зоҳир мекунанд. Ҳеҷ кас намехоҳад рафтору одоби шаҳриро ба дигарон ёд диҳад ва мардуми аз деҳот нав кӯчида ҳам ҳеҷ майле ба ёд гирифтани расму оини шаҳдорӣ нишон намедиҳанд.

Малика Ҷӯрабекова, ҳунарманди тоҷик мегӯяд, он бинои фарҳангие, ки тӯли 70 соли замони шӯравӣ бунёд шуда буд, дар «зилзила»-и солҳои 90-ум фурӯ рехт ва албатта, дубора сохтани он вақту нерӯи зиёд мехоҳад. Хонум Ҷӯрабекова афзуд, дар баланд бардоштани фарҳанги оммавӣ боғча, мактаб ва оила муҳимтарин нақшро доранд:

"Ман бисёр вақт ба мактабҳо меравам. Медонед, дар як мактаб мушоҳида кардам, ки муаллим дар синф нишаста ба талабаҳояш мегӯяд, ки «гушна мондам, ба ман рафта як ҳот-дог биёр». Ана ҳамин хел тарбия мекунанд дар мактабҳои мо. Баъд аз сатҳи фарҳанги ҷавонони мо, ки ояндаи миллатанд, чӣ гила?".

Хонум Ҷӯрабекова гуфт, сатҳу сифату тарбия дар мактабҳои Тоҷикистон ниҳоят нигаронкунанда аст ва бояд ислоҳ шавад. Вай ҳамчун иброз дошт, ки маъмулан мардуми тоҷик ду мафҳуми фалсафӣ-диние доштанд ба монанди "вубол" ва "савоб", ки одамонро аз корҳои бад боз медошт ва ҳоло низ бояд аз ин мафҳумҳо васеъ истифода шавад.

Вале коршиносони дигар бар инанд, ки рафтор ё гуфтори фарқкунанда набояд аломати фарҳанг ё бефарҳангӣ шумурда шавад. Кишвар дар марҳилаи гузориш аст ва бисёр чизҳое дар ҳоли шаклгирӣ. Бо вуҷуди ин, онҳо иброз медоранд, ки ин давраи муҳиму ҳассосе барои такмилу бозсозии фарҳанги ом пеш омадааст ва набояд беҳуда аз даст дода шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG