Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбоздухтарони тоҷик ба Урдун мераванд


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон.

Конфедератсиюни футболи Осиё сана ва макони баргузории даври дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиёро миёни духтарони то 19-сола муайян кард.

Бо тасмими AFC мусобиқот бо ширкати ҳашт даста аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон дар Вейтнам баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард.

Сулаймон Бобокалонов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, футболбоздухтарони тоҷик барои ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтан аз даври аввал шурӯъ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Урдун, Эрон ва Фаластин рақобат хоҳад кард. Бозиҳо дар пойтахти Урдун - Уммон аз 19-ум то 28-уми октябри соли равон баргузор мешаванд. Ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ меёбад.”

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2013 миёни духтарон (U-19). Даври аввали интихобӣ.

Гурӯҳи «А»: Ҳиндустон, Узбакистон, Қирғизистон, Бангладеш.
Гурӯҳи «В»: Урдун, Эрон, Тоҷикистон, Фаластин.
Гурӯҳи «С»: Тайван, Мянмар, Филиппин, Ҳонконг.
XS
SM
MD
LG