Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил гуфт, Ҳизбуллоҳ дар паси ҳамла қарор дорад


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, ҳамлаи интиҳорие, ки дар фурудгоҳи шаҳри Бургаси Булғористон дар канори Баҳри Сиёҳ анҷом гирифт, кори дасти Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ҳамдастии Эрон мебошад. Аз 6 нафари кушташуда 5 нафари онҳо исроилиҳо будаанд.

Нетаняҳу дар як нишасти хабарӣ дар Байтулмуқаддас тундравҳои Лубнонро “дасти дарози Эрон” арзёбӣ кард. Вай гуфт, Исроил муборизаро бар зидди террор идома медиҳад ва ба ононе, ки аз чунин террор ҳимоят мекунанд посухи сазовор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG