Пайвандҳои дастрасӣ

Муфтии Тотористон маҷрӯҳ ва муовини пешинаш кушта шуд


Мошини муфтӣ ҳангоми таркиш

Мошини муфтӣ ҳангоми таркиш

Дар ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия дар ду ҳамлаи алоҳида муфтии мусулмонон Илдус Файзов ҷароҳат бардоштааст ва муовини пешини вай Валилуллоҳ Якуров кушта шудааст. Ин ду ҳодиса дар шаҳри Қазон-пойтахти Тотористон рух додааст.

Афроди номаълум рӯзи панҷшанбе мошини муфтиро мунфаҷир сохтаанд. Ҳоло вай дар бемористон зери назари табибон қарор дорад. Муовини пешини вай Якуров дар назди хонааш дар Қазон аз тири афроди номаълум ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG