Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз шуд


Имрӯз дар Тоҷикистон низ мисли бисёре аз кишварҳои ҷаҳони ислом моҳи мубораки Рамазон оғоз шуд. Бар асоси тасмими Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазон аз ҳамин рӯз аст.

Арабистони Саудӣ, Мисру Қатар ва кишварҳои дигари арабӣ низ ҳамин рӯзро оғози Рамазон эълон кардаанд. Вале Эрон ба таври расмӣ рӯзи шанберо оғози моҳи Рамазон медонад.

Дар Тоҷикистон баъзе уламои ислом, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадӣ яке аз масъулини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистонро зери шубҳа бурдаанд ва мегӯянд, бидуни зуҳури моҳ ё дидани моҳ бояд Шӯрои уламои Маркази исломӣ 20 июлро оғози Рамазон эълон намекард.

Тақрибан ҳар сол барои оғозу анҷоми моҳи Рамазон ихтилофот пеш меояд ва ин тафовут шояд ба тасмимҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон низ то андозае иртибот дошта бошад.
XS
SM
MD
LG