Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иттиҳомоти Исроилро рад кард


Сафорати Эрон дар Булғористон иддаъоҳои Исроил дар бораи даст доштан дар бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Бургаси Булғористонро рад кард, ки дар он ҳафт нафар, аз ҷумла 5 исроилӣ кушта шуданд. Сафорат бо нашри баёнияе гуфт, ки ин иддао “беасос” аст. Мақомоти исроилӣ, Эронро ба ин ҳамла муттаҳам карданд, ки гӯё бо кӯмаки гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон анҷом додааст. Рӯзи чаҳоршанбе зимни нишасти саёҳони исроилӣ ба автобу дар назди фурудгоҳ, таркиш ба амал омад, ки бар асари он даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ронандаи булғористонӣ ва худи бомбгузор ҳам кушта шудаст. Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон гуфт, ронанда ҳуҷҷати қалбакии ронандагии Амрикоро дошт ва ҳуввуяти бомбгузори маргталаб маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG