Пайвандҳои дастрасӣ

Закоти мусалмон дар Тоҷикистон ба 87 доллар баробар аст


Шӯрои уламои Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард. Атоуллоҳ Давлатов, сухангӯи Маркази шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл бо ширкати раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷаласаи навбатӣ доир ба андозаи закоту садақа баргузор карда шуд.

Вай гуфт, бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар агар тавони молӣ ва ҳазинаи солонаи афроде, ки ба 3 ҳазору 480 доллар ё худ ба 16 ҳазору 878 сомонӣ баробар аст, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд
Ҳамчунин, ҳаҷми садақаи фитр мушахас шудааст, ки он ба 3 сомонӣ мусодиф мебошад. Ба қавли Атоуллоҳ Давлатов, Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзе пеш аз оғози моҳи Рамазон бо пахши як баёния аз мардуми доро даъват намуд, ки ба мардуми нодору ниёзманд дасти ёрӣ дароз кунанд.
XS
SM
MD
LG