Пайвандҳои дастрасӣ

Пиряхҳои Греландия тика-тика мешаванд


Донишмандони амрикоӣ мегӯянд, як тиккаи бузурги бештар аз масоҳати шаҳри Душанбе аз Греландияи яхбаста канда шудааст, ки аломати тағйири иқлим аст. Ба гуфтаи онҳо, дар аксҳои моҳвораии ҳамин ҳафта дида мешавад, ки як тиккаи бузурги ях бо масоҳати 120 километри мураббаъ аз баданаи пиряхи Петерман канда шудааст. Ин пирях соли 2010 низ аз як тиккаи ду баробар бузургтараш маҳрум шуд. Дар муқоиса масоҳати шаҳри Душанбе 100 километри мураббаъ аст. Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки гармоиши курраи Замин сабаби хурдтар шудани пиряхҳост, вале ҳанӯз далели собите барои ин фарзия надоранд.
XS
SM
MD
LG