Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай бо Кемерон ва Ашраф мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон бо нахуствазирони Бритониё ва Покистон дар бораи беҳбуд бахшидан ба амнияти минтақавиро баррасӣ кунанд. Мулоқотҳо бо Дейвид Кемерон ва Раҷа Парвиз Ашраф дар замоне сурат мегирад, ки ҳамлаҳои ҷангҷӯёне, ки аз Покистон вориди Афғонистон мешаванд, авҷ гирифтааст. Интизор меравад, ки Дейвид Кемерон аз раҳбарони Покистону Афғонистон бихоҳад, ба ин масъала расидагӣ карда ва танишҳо миёни ду кишварро коҳиш бидиҳанд. Масъалаи дигар, эҳтимоли музокироти сулҳ бо Толибони Афғонистон будааст. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард, ки нерӯҳои кишвараш соли 2013 як сол пеш аз ихроҷи комили нерӯҳои НАТО, аз Афғонистонро тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG