Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бомбгузории Бургас кори дасти маргталаб будааст


Мақомоти Булғористон мегӯянд, бомбгузорие, ки дар фурудгоҳи Бургас ҳашт нафар, аз ҷумла 6 исроилиро кушт, кори дасти як маргталаб будааст. Ҳамла рӯзи чаҳоршанбе дар назди фурудгоҳ сурат гирифт ва ба гуфтаи вазири умури дохилии Булғористон даҳҳо тани дигар дар ин бомбгузорӣ захмӣ шуданд. Ронандаи булғористонӣ ва худи бомбгузор ҳам кушта шудаст, ки мегӯянд, “ҳуҷҷати ронандагии аёлати Мичигани Амрикоро дошт.” Маълум нест, ки ин санад қонунӣ ва ё қалбакӣ будааст. Мақомоти исроилӣ, Эронро ба ин ҳамла муттаҳам карданд, ки гӯё бо кӯмаки гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон анҷом додааст. Телевизиони давлатии Эрон дар як шарҳе дар ин бора иттиҳоми Исроилро “масхараомез” хонд.
XS
SM
MD
LG