Пайвандҳои дастрасӣ

“Панфилоба” – иди палави тоҷикӣ дар Гурҷистон тирамоҳ баргузор хоҳад шуд.

Олег Панфилов, хабарнигор ва донишманди тоҷики муқими Тифлис, мегӯяд, ки бори аввал иди палавро дар токзори як деҳкадаи канори пойтахти Гурҷистон баргузор хоҳад кард. Аз ин пеш ин ид ҳар сол миёнаҳои моҳи август дар соҳили баҳр мегузашт. Меҳмонони ҷашнвораи имсолаи “Панфилоба” на фақат таоми хушлаззати миллии тоҷиконро тановул мекунанд, балки дар ҷамъоварии ангур ҳам ширкат хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи Олег, ин иди воқеъан аҷиб бо амри тасодуф пайдо шудааст. “Ҳафт сол пеш ман бори аввал барои истироҳат ба соҳили баҳр ба деҳкадаи Чаквӣ омадам ва тасмим гирифтам дӯстонамро бо палави тоҷикӣ зиёфат кунам. Ман бо худ зираву зарчӯбаву дигар гиёҳҳо оварда будам. Бори аввал палав пӯхтам ва дӯстону ҳамсояҳо, тақрибан 15 нафарро меҳмон кардам. Палав ба ҳама хуш омад, зеро дар Гурҷистон анъанаи таҳияи ин таом нест, дар ин ҷо фақат озариҳо палав мепазанд, ки бештар ба палави эронӣ шабоҳат дорад”, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Олег меафзояд, соли дигар, вақте бори дуввум ба Чаквӣ омад, палавро меҳмонони бештар - 30 ё 40 нафар тановул карданд. Баъд аз ду сол нафаре аз меҳмонон гуфт, ки “шумо ҳар сол дар як рӯз палав мепазеду мардумро ҷамъ мекунед, ин аз рӯи таомули гурҷиҳо аллакай ид аст ва идҳо дар Гурҷистон бандаки “–оба” доранд, мисли “Тбилисоба”, “Бахмароба” ва дигару дигар. Ва касе аз меҳмонон пешниҳод кард, ки иди палавро “Панфилоба” номгузорӣ кунанд

Ба гуфтаи Олег Панфилов, “ибтидо ин фақат ҷашнвораи палав буд ва баъдан ба иде табдил шуд, ки дар он 150-200 нафар аз кишварҳои гуногун ширкат мекунанд. Бештари меҳмонҳо албатта гурҷистонӣ ва хабарнигорону рассомону адибону вазирону вакилони парлумон ва дигаронанд. Солҳои ахир ба "Панфилоба” меҳмонҳо аз Амрико, Шветсия, Норвегия, Украина, Қазоқистон, Ҳуланд, Лаҳистон меоянд”.

Олег бо таассуф мегӯяд, ки чун миёни Душанбеву Тифлис хати мустақими парвоз мавҷуд нест, меҳмонон аз Тоҷикистон имкони ширкат дар ин ҷашнвораро надоранд, ҳарчанд ӯ ҳамеша дӯстонаш дар Душанбеву Хуҷандро ба “Панфилоба” даъват мекунад. Бо сабаби мушкили роҳ миёни Тифлису Душанбе Олег имсол бори аввал барои пӯхтани палав як ошпази маъруфи уйғурро аз Алмаато даъват кардааст ва худаш фақат ёвари ошпаз хоҳад буд.

Ва аммо чаро ӯ анъанаро тайғир дод ва мехоҳад ҷашни палавро дар токзор баргузор кунад? “Ман баҳорон дар ин ҷо токзореро харидорӣ кардам ва тасмим гирифтам, ки “Панфилоба”-ро ба ангурзор кӯчонам. Ид охири моҳи сентябр, замони ҷамъоварии ангур баргузор хоҳад шуд ва барои меҳмонҳо ҳам хуш ва ҳам муфид хоҳад гузашт, зеро қарор аст меҳмонҳо дар маъракаи зебои ҷамъоварии ангур ширкат кунанд”-мегӯяд мусоҳиби мо.

Олег меафзояд, онҳое, ки ба ид меоянд, ангурро дар сабадҳои махсус ҷамъ оварда, сипас дар сабадҳои бузург мерезанд, баъдан корвони маркабҳо сабадҳои бузургро ба ҷое мебарад, ки ангурро мекӯбанд ва онро дар кӯзаҳои азим мерезанд. “Яъне имсол “Панфилоба” ва “Артвели” – иди ҷамъоварии ангур якҷоя баргузор мешаванд”-меафзояд Олег Панфилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар сол нафаре аз шахсиятҳои маъруфро хоҳиш мекунад, ки раиси “Панфилоба” бошад. Аз ин пеш, аз ҷумла, ҳунарманди машҳури синамо Буба Кикабидзе ва Нино Катамадзе – овозхони машҳури ҷаз раёсати идро бар ӯҳда доштанд. Имсол Станислав Садалский, ҳунарманди маъруфи синамои Русия, ки шаҳрванди Гурҷистон ҳам ҳаст, дар “Панфилоба” сарварӣ мекунад. Олег мегӯяд, ки “шахсиятҳои маъруфи зиёде меоянд, зеро ин идест, ки одамон на фақат палавро нӯши ҷон мекунанд, балки бо ҳам сӯҳбат меороянд”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG