Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Ҳиндустон раиси ҷумҳур интихоб мекунанд


Пранаб Мукҳереҷӣ

Пранаб Мукҳереҷӣ

Қарор аст имрӯз дар порламони Ҳиндустон барои интихоби раиси ҷумҳури нав райдиҳӣ баргузор шавад. Пранаб Мукҳереҷӣ-вазири пешини молии ин кишвар номзади аслии ин мақом ба шумор меравад.

Раиси ҷумҳури нав дар ин мақом хонум Пратибҳа Патилро иваз хоҳад кард. Вай 5 сол дар ин мақом фаъолият кард. Мукҳереҷӣ 76 сол дорад ва аз ҳимояти аксари аъзои порламон бархӯрдор аст. Дар ин интихобот бо Мукҳереҷӣ раиси пешини порламон П.А. Сангма рақобат хоҳад кард.

Натиҷаҳои интихобот рӯзи якшанбе эълон мешавад
XS
SM
MD
LG