Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз Эрон хост зиндониёни сисёсиро раҳо кунад


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз вазъи саломатии Муҳаммад Сиддиқ Кабудванд-фаъоли ҳуқуқи башри курд ва хонум Наргис Муҳаммадӣ-ҳомии ҳуқуқ нигарон аст. Бино ба гузоришҳо, вазъи саломатии онҳо дар зиндоне дар Эрон ба шиддат бад шудааст.

Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар эъломияе аз мақомоти Эрон хостааст, ки ҳамаи зиндониёни сисёсиро раҳо ва ӯҳдадориҳои қонунии худро дар бораи озодии баён ва озодии мазҳаб риоят кунанд.
XS
SM
MD
LG