Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон китобҳои Тоҷикистонро боздошт кардааст


Усмон Қаландаров-муовини раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон” иттилоъ додааст, ки 256 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ дар роҳи оҳани қаламрави Узбакистон дар Термез нигоҳ дошта мешаванд. Ин китобҳо як моҳ пеш баъд аз чоп дар Чин аз роҳи оҳан вориди Узбакистон шудаанд.

Ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки дар санади пешниҳодшуда вазни бор нодуруст нишон дода шудааст. Узбакистон барои чунин кор парванда боз кардааст ва ба додгоҳ фиристодааст.

Фармоишгари ин китобҳо раиси ширкати “Собириён”-и Тоҷикистон ҳоло барои ҳали ин мушкил дар Термез қарор дорад.
XS
SM
MD
LG