Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ТАЛКО тавлиди алюмин коҳиш ёфтааст


Бино ба иттилои хабаргузории Ройтерз, тавлиди алюмин дар ширкати давлатии ТАЛКО-и Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2012 баъд аз таҷдиди таҷҳизот 3,9 дарсад поин рафтааст.

Ширкати ТАЛКО ё корхонаи тавлиди алюмини Тоҷикистон бузургтарин корхона аз навъи худ дар Иттиҳоди Шӯравии пешин ба шумор меравад.

Як манбаи наздик ба раҳбарияти ин ширкати давлатӣ ба хабаргузорӣ гуфтааст, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ тавлиди алюмин 144 661 тонро ташкил додааст, вале дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 150 467 тон будааст.
XS
SM
MD
LG