Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дохилаи Сурия низ аз ҷароҳатҳои бардоштааш даргузашт



Осиф Шавкат, Довуд Роҷҳа ва Иброҳим Шаар
Осиф Шавкат, Довуд Роҷҳа ва Иброҳим Шаар
4 нафар аъзои боломақоми ҳукумати президент Башор Асад ва наздикони вай дар Димишқ дар бамгузорие кушта шуданд. Дар давоми 16 моҳи нооромиҳо дар Сурия ин бузургтарин бохти режими Асад ба шумор меравад.

Телевизиони давлатии Сурия гузориш додааст, ки Довуд Роҷҳа-вазири дифоъ, Осиф Шавкат-муовини вазири дифоъ ва шавҳари хоҳари Башор Асад, Ҳасан Туркоманӣ-раҳбари гурӯҳи бӯҳронҳо ҳангоми инфиҷори бам дар ҷаласаи аъзои кобина ва мақомоти амниятӣ кушта шуданд. Ин ҷаласа дар ситоди амнияти миллии ҳукумат баргузор мешуд.

Иброҳим Шаар-вазири корҳои дохила баъдтар дар бемористон аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон додааст.

То ҳол масъулияти ин ҳамларо ду гӯрӯҳ бар ӯҳда гирифтаанд. Яке аз онҳо “Ливои ислом” ва дигарӣ “Артиши озоди Сурия” мебошанд. Артиши озоди Сурия аз ҳисоби афсарон ва сарбозоне ташкил шудааст, ки аз артиши Сурия ҷудо шудаанд.
XS
SM
MD
LG