Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: Мо то ҳол адолатро ба мардум нарасонидаем


 Ҳомид карзай-президенти Афғонистон

Ҳомид карзай-президенти Афғонистон

Рӯзи чоршанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ҳукумати зери раҳбарии ӯ натавонистааст ба мардум адолат орад. Ҳангоми суҳбат бо занони додрас Карзай гуфт, сарфи назар аз пешрафти даҳ соли гузашта ҳукумат интизороти мардумро набаровардааст.
Ӯ афзудааст, ки то ҳанӯз ҳукумати Афғонистон малҳами азобу уқубати мардум нашудааст. Фасод дар додгоҳҳои Афғонистон боиси он шудааст, ки мардум ба додгоҳҳои анъанавӣ рӯй меоранд. Дар манотиқе, ки Толибон фаъол мебошанд, мардум ба шариат муроҷиат мекунанд. Изҳороти Карзай дар замоне пахш шудааст, ки созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч додситонҳову додрасҳои Афғонистонро дар байни фасодзадатарин мансадорони ин кишвар ёд кардааст.
XS
SM
MD
LG