Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба кӯдакон кӯмак карданд


Tajikistan,Dushanbe city, a tajik participant in London Oympic -2012 presenting a gift to a scholol children,18July,201
Tajikistan,Dushanbe city, a tajik participant in London Oympic -2012 presenting a gift to a scholol children,18July,201

Варзишгарони тоҷик пеш аз сафари Лондон аз Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе дидан карданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “варзишгарони тоҷик ба кӯдакон кӯмаки молӣ карда, инчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар расми супоридани тӯҳфаҳо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ширкат дошт. Ӯ ин амали варзишгарони тоҷикро кори хайру савоб арзёбӣ намуд ва барояшон дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон комёбиҳо орзу кард. Ҷаноби Неъматов, инчунин, насли наврасро барои ба тарбияти бадан машғул шудан даъват намуд, то ки онҳо дар оянда солиму бардам ба камол расанд ва ба мисли варзишгарони маъруфи тоҷик номбардори кишвару миллат шаванд.”
XS
SM
MD
LG