Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cӯҳбати хабарнигори "Озодӣ" бо Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик.

Радио Озодӣ: Студияи "Шӯхиҳои Аловуддин" чи гуна пайдо шуд ва чаро Шумо маҳз "Театри як актёр"-ро пеша кардед?

Аловуддин Абдуллоев: Ҳар як амал аз хоҳише пайдо мешавад. Аввали солҳои 70-ум буд. Барномаеро тариқи шабакаи русиягӣ тамошо кардам, ки дар он ҷо як ҳунарманди шинохтаи он кишвар Игор Илинский аз рӯи ҳикояи Чехов "Театри як актёр»-ро пешниҳод карданд. Гарчанде дар он солҳо имкониятҳои техникӣ камтар буд. Ва ҳамин орзу дар як гӯшаи дили ман ҳам ҷо гирифт. Баъд аз хатми донишкада ва пас аз фаъолияти зиёди кориям барои эҷоди «Шӯхиҳои Аловуддин» ҳамин орзӯи ман низ пухта расид. Ба ҳангоме, ки ман ин коро шурӯъ кардам, нахуст ҳисси тарс маро фаро гирифта буд, ки оё тамошобин инро чӣ гуна қабул мекунад. Асос, ки бинанда маро фаҳмид ва хеле хуш истиқбол кард.

Радиои Озодӣ: Аввалин саҳнаи бозидаатон кадом буд?

Аловуддин Абдуллоев: Ин саҳна «Дуо» ном дошт ва дар он ҷо пиразане алаф мечинад ва марди бекор малах медошт. Ногоҳ нигоҳаш ба пиразан меафтад ва мехоҳад ба вай кӯмак расонад. Ин пиразанҳам бо шӯхӣ мегӯяд, агар кӯмак расонӣ ман се хоҳишатро иҷро мекунам. Ҳамин саҳнаро ман дар ду фитта сабт кардам. Яъне ман метарсидам, ки оё нақшро дуруст бозидам ё не.

Радиои Озодӣ: Он саҳнаҳое, ки дар ин студия меофаред, бештар мардумианд, пас худатон онҳоро ҷамъоварӣ мекунед ё дӯстон?

Аловуддин Абдуллоев: Албатта бо ёрии дӯстон. Дар ин баробар ман ҳамеша рӯзномаҳоеро, ки дар онҳо латифа нашр мешавад, мутолиа мекунам ё аз хушгӯиҳои мардум истифода мебарам. Ман пайваста дар ҷустуҷӯям. Баъд аз он, ки ин маводҳоро ҷамъ меоварам, ду-се маротиба аз ғалбер мегузаронам то ин, ки бадеҳияташро гум накунад. Як чизи ғайримаъмулӣ бошад. Як чизе бошад, ки ба иззати нафси касе нарасад ва нафареро озурда насозад. Агар нақши занро офарам ҳатман чунон нақш мебозам, ки занро зебо нишон диҳад.


Радиои Озодӣ: Чун аз нақши зан гуфтед, оё ин душворӣ надорад ва атрофиён, ба хусус занатон инро чӣ гуна қабул дорад?

Аловуддин Абдуллоев: Вақте ман нақши занро мебозам, ҳатман либосро аз назари наздикон, яъне, хоҳарам, ҳамсарам ва духтаронам мегузаронам. Ва онҳо низ аллакай мунаққидони хуб шудаанд, чун ҳамеша ба ҳангоми наворбардорӣ дар паҳлӯям ҳастанд. Дар омӯзиши касби актёрӣ яке аз дарсҳо марбут ба пардозгарӣ буд. Аз ин лиҳоз гримро низ ман худам мекунам. Нигоҳи наздикони ман ба ин нақшоям мусбӣ аст. Онҳо медонанд, ки ин касбӣ ман аст. Аз ин хотир онҳо ҳам ба ин масъала бисёр ҷиддӣ бархӯрд мекунанд, маслиҳат медиҳанд. Баъзан ҳангоми наворбардорӣ халал ҳам мерасонанд. Яъне, ба ҳангоми нақшофариям хандаашон меояд ва бо ҳамин ханда кори маро халалдор меозанд.

Радиои Озодӣ: Шумо имрӯз рисолати танзро дар чӣ мебинед? Танҳо барои хушҳолии мардум?

Аловуддин Абдуллоев: Бояд бигӯям, ки рисолати танз танҳо хандондан нест. Яке аз адибони шинохта Муҳаммад Ҳиҷозӣ хеле хуб гуфтааст, ҳеҷ шӯхие нест, ки дар он як каме ҷиддият набошад ва баръакс. Бигзор тамошобин бихандад, аммо баъд аз каме ҳазм кардани ин саҳна ин ё он қаҳрамон худро дар он меёбад.

Радиои Озодӣ: Буданд ҳолатҳое, ки нақши шумо ба нафаре писанд наомад?

Аловуддин Абдуллоев: Ин ҳатман аст. Ҳолатҳое буд, ки тақлиди ман маъқул набуд, масалан ба ҳунарманди шинохта Ҳошим Гадо. Вақте ман ӯро тақлид кардам, он кас инро хуб напазируфтанд. Ҳарчанд ҳамкасабон ва наздикони ин ҳунарманд гуфтанд, ки тақлиди ман хеле наздик ва ҳадафрас буд. Аммо ман ҳатто ба он кас забонхат ҳам навиштам, ки шуморо дигар тақлид намекунам.

Радиои Озодӣ: Талош накардед мансабдору мақомдорони тоҷикро ба риштаи танз бикашед?

Аловуддин Абдуллоев: Бубинед, ҳатто ҳамкасбони ман, ки аллакай актёранд ва ман шӯхиомез онҳоро тақлид мекунам, онҳо мегӯянд, Аловуддин ту моро аҳмақ мекунӣ. Яъне, мардуми мо тақлидкориро қабул надоранд. Ва шояд ҳамин эҳтиром барои анҷоми бисёр корҳо иҷозат намедиҳад.

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеа шуморо ҷиддӣ қабул мекунанд?

Аловуддин Абдуллоев: Вақте бо мардум сӯҳбат мекунам, маро бо ханда қабул мекунанд. Фикр мекунам ин миссияи ман аст, шухӣ кардан ва бо шӯхӣ посух додан.

Радиои Озодӣ: Аммо ҳангоме, ки шумо ҷиддиед вале ҳарфоятонро шухӣ қабул мекунанд, ба шумо ин сахт намерасад?

Аловуддин Абдуллоев: Воқеан чунин ҳолатҳо хеле зиёд мешавад ва ба ман сахт мерасад. Баъзан ман маҷбур мешавам дар вақти сухан гуфтан аз лаҳни махсус истифода барам ва ба ҷиддӣ буданам таъкид намоям. Мардум чунин андеша доранд, ки ман дар ҳама ҳолат шухӣ мекунам, вале ман дар зиндагӣ шахси ҷиддиям. Албатта ҳамеша бо қавоқи овезон намегардам, агар ҷояш омад ҳатман механдам. Ва наздикони ман ҳам ҷиддӣ буданамро хеле нағз медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG