Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 нафар дар минтақаи қабилаҳои Покистон


Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, рӯзи чоршанбе бар асари таркиши бомбаи канори роҳ дар минтақаи қабилаҳои шимолу ғарби ин кишвар камаш 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Хабаргузории Ассошиэйтед пресс менависад, ки зоҳиран ҳадафи ҳамла ақаллияти шиамазҳаби Покистон будааст. Маводи тарканда дар ноҳияи Оракзай аз масофаи дур ба ҳаракат дароварда шудааст. Оракзай яке аз ҳафт ноҳия дар минтақаи қабилаҳои Покистон аст. Толибон ва ал-Қоида ҳам ин минтақаро, ки дар марз бо Афғонистон мебошад, ба истеҳкоми худ табдил додаанд. Вақтҳои ахир ҳамлаҳои ҷангҷӯёни суннитабор болои пайравони мазҳаби шиа дар Покистон ва ба вижа дар вилояти ҷанубу ғарбии Балуҷистон, афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG