Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи Ҳаққонӣ ба феҳристи террористҳо дохил мешавад


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико аз вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар дархост кардааст, ки шабакаи Ҳаққониро ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ворид кунад. Ин шабакаи Толибон дар Покистон мустақар шудааст.

Ҳангоми раъйдиҳӣ намояндагон таъйид карданд, ки шабакаи "Ҳаққонӣ “хатарноктарин гурӯҳи террористист, ки бар зидди нируҳои Амрико дар шарқи Афғонистон мубориза мекунад”.

Ин гурӯҳ моҳи сентябр ба сафоратхонаи Амрико дар Кобул ҳамла бурда буд, вале он дар феҳристи Созмонҳои хориҷии террористӣ дохил нашудааст.
XS
SM
MD
LG