Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои дунявӣ дар интихоботи Лубнон пирӯз шуданд


Хонуме дар интихоботи Лубнон ҳангоми райдиҳӣ
Хонуме дар интихоботи Лубнон ҳангоми райдиҳӣ
Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Либия нишон медиҳад, ки Эътилофи Нируҳои Миллӣ дар сафи пеш қарор доранд. Баъд аз даҳсолаҳо бори аввал дар ин кишвар интихоботи озоду одилона баргузор шуд.

Раҳбарии ин эътилофро Маҳмуд Ҷибрил-нахуствазири пешин бар ӯҳда дорад. Аз 80 курсии порламон ё Конгреси сартосарии миллӣ 39 курсиро намояндагони ин эътилоф соҳиб шудаанд.

Ҳизби Адолату Ташкили Ихвонулмуслимин бо 17 курсӣ дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Ихвонулмусслимин дар Мисру Тунис пирӯз шуданд, вале эътилофи Маҳмуд Ҷибрил дар Лубнон нишон дод, ки нируҳои дунявӣ дубора дар ҷаҳони араб фаъолтар шудаанд.
XS
SM
MD
LG