Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Эрдуғон барои боздид вориди Маскав мешавад


Реҷеб Тайип Эрдуғон
Реҷеб Тайип Эрдуғон
Имрӯз боздиди кории Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия аз Русия оғоз мешавад. Вай дар Маскав ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва вазъ дар Сурияро баррасӣ мекунад.

Қарор аст Эрдуғон бо Владимир Путин-раиси ҷумҳур ва соири мақомоти расмии Русия мулоқот анҷом диҳад. Русия ҳомии аслии Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия аст ва бино ба гузоришҳо, намехоҳад бар зидди режими Димишқ таҳримҳои байналмиллалӣ ҷорӣ шавад.

Дар мулоқот бо Путин Эрдуғон масъалаҳои иқтисодӣ ва энержиро баррасӣ мекунад. Баъд аз Олмон Русия бузургтарин тарафи тиҷоратии Туркия ба шумор меравад. Тиҷорати ин ду кишвар соле тақрибан 32 миллиард долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG