Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қавл дод, ки ба Аннон дар иҷрои нақшаҳояш кӯмак мекунад


Кофӣ Аннон ва Владимир Путин
Кофӣ Аннон ва Владимир Путин
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб дар мулоқоти худ дар Маскав нооромии вазъ дар Сурияро баррасӣ карданд. Путин қавл дод, ки “ҳар коре”-ро барои ҳимоят аз нақшаҳои Аннон анҷом хоҳад дод, то душмании тарафҳо дар Сурия поён ёбад ва тарафҳоро ба музокира ташвиқ хоҳад кард.

Аннон, ки то ҳол дар иҷрои нақшаҳояш муваффақ набудааст, гуфт, ки бӯҳрони Сурия дар “чорроҳӣ” қарор дорад. Бино ба гузоришҳо, Русия аз фишор ба Башор Асад даст кашидааст.

Аз сӯи дигар, гурӯҳҳои мухолифи режими Башор Асад дар муборизаҳои худ дар атрофи шаҳри Димишқ ба пешравӣ ноил шудаанд.
XS
SM
MD
LG