Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар вилояти Суғд бориши борон пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе бориш пешбинӣ нашудааст. Ҳаво 28-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд дар нимаи дуввуми рӯз борон пешбинӣ шудааст. Шабона бориш давом мекунад. Ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар минтақаи Кӯлоб борон намеборад. Ҳаво 30-37 дараҷа гарм мешавад.

Водии Вахш гармтарин минтақаи Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ҳарорат дар он ҷо ба 40 дараҷаи болои сифр мерасад. Борон дар назар нест.

Дар вилояти Бадахшон нисфирӯзӣ каме борон меборад. Ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG