Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ: Телефонҳои ҳамроҳ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тақрибан аз чаҳор се ҳиссаи аҳолии сайёра, аз ҷумла аҳолии кишварҳои дар ҳоли рушд, ба телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ доранд. Дар як гузориши нави ин бонк, ки бо номи “Афзоиши телефонҳои ҳамроҳ” ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки густариши телефонҳои ҳамроҳ ва таҷҳизоти телефонӣ ба бахшҳои кишоварзиву беҳдошт, молӣ ва идораи умур асар гузоштааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки телефонҳои ҳамроҳ нисбат ба интернет барои истифода бештар маъмул будаанд.Бештар аз 80 дарсади хонаводаҳо дар Озарбойҷону Беларус ва Гурҷистону Қазоқистон дорои телефонҳои ҳамроҳ мебошанд.

Ин нишондод дар Русия 90 дарсад ва дар Ироқ 94 дарсадро ташкил додааст. Дар Эрону Молдова 70 дарсади сокинон аз телефони ҳамроҳ истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG